Донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барандаи озмуни «Беҳтарин донишҷӯи ИДМ-2023» гардид
Магистранти курси якуми факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Муҳаммад Ҳайдарзода барандаи ҷоизаи «Беҳтарин донишҷӯи ИДМ-2023» дар бахши илм гардида, бо дипломи дараҷаи I, шаҳодатнома ва медали сарисинагии «Беҳтарин донишҷӯи ИДМ-2023» мукофотонида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар донишгоҳи мазкур хабар доданд.
Озмуни мазкур дар Ҷумҳурии Қазоқистон бо ташаббуси Ассотсиатсияи байналмилалии донишҷӯён бо дастгирии Иттиҳодияи шахсони ҳуқуқии «Ҳаракати умумимиллии Бобек»-и Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Китобхонаи илмии электронии «eLIBRARY.RU»-и Федератсияи Русия баргузор гардид.
Озмун ҷиҳати муайян намудани беҳтарин донишҷӯ байни донишгоҳҳои олии Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон, Узбекистон аз рӯи бахшҳои илм, варзиш ва санъат баргузор гардида, дар китоби V байналмилалии «Беҳтарин донишҷӯи ИДМ-2023» нашр гардид.
Дар озмуни мазкур магистранти курси якум зери роҳбарии мудири кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултети ҳуқуқшиносӣ Ҷаҳонгир Саъдизода иштирок намуда, муваффақият ба даст овард.