ГРАН-ПРИИ ДУШАНБЕ-2023. Имрӯз маросими қуръакашии мусобиқа баргузор мегардад

Имрӯз, 1 июн дзюдочиёни 40 мамлакати ҷаҳон, ки аз панҷ қора намояндагӣ мекунанд, дар натиҷаи қуръакашии мусобиқаи Гран-прии Душанбе — 2023, ки 2-4 июн дар доираи Сайри ҷаҳонии ҷудо аз ҷониби Федератсияи байналмилалии ҷудо баргузор мешавад, рақибони худро муайян мекунанд. Дар ин хусус Федератсияи байналмилалии дзюдо хабар медиҳад.

Тавре дар Федератсияи дзюдои Тоҷикистон хабар доданд, Президенти Федератсияи байналмилалии дзюдо (IJF) Мариус Визер ва бештари иштирокчиёни мусобиқаи Гран-Прии Душанбе-2023 вориди пойтахти Тоҷикистон шуданд.

То имрӯз барои иштирок дар Гран-при 317 варзишгар аз 40 кишвари ҷаҳон сабти ном шудааст. Шумораи бештари варзишгарон аз Аврупо (143) ва Осиё (145) мебошанд. Тоҷикистонро ба унвони мизбони Гран-прии Душанбе-2023 34 дзюдочӣ (28 мард, 6 зан) муаррифӣ менамояд.

Гран Прии Душанбе-2023 мусобиқаи интихобӣ ба Бозиҳои олимпии Париж-2024 буда, ба рейтинги варзишгарон хол илова мекунад.

Пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе дар доираи Сайри ҷаҳонии ҷудо дар давраи солҳои 2023-2026 ҳаққи баргузории мусобиқаи Гран-приро соҳиб гардид.

Фонди ҷоизавии мусобиқа 100 ҳазор евроро ташкил медиҳад: ҷойи 1-ум – 3000 евро (варзишгар 2400 ва мураббӣ 600), ҷойи 2-юм – 2000 евро (варзишгар 1600 ва мураббӣ 400), ҷойи 3-юм (2 варзишгар) – 1000 евро (варзишгарон 800 ва мураббиён 200).

АКС: Федератсияи байналмилалии дзюдо

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE