Дар Ваҳдат Фестивал-намоиш ва фурӯши чорвои зотӣ баргузор гардид
3 июн бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат Фестивал — намоиш ва фурӯши чорвои зотӣ баргузор гардид, хабар медиҳад вазорати мазкур.
Дар Фестивал чорвоҳои хурду калон аз Филиали муассисаи ҷумҳуриявии зотпарварӣ, хушзоткунӣ, бордоркунии сунъӣ ва хариду фурўши чорвои зотӣ дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, Маркази биотехнологияи чорвои Институти чорводорӣ ва чарогоҳи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Зотпарвар»-и Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати ҶТ, Муассисаи давлатии минтақавии ноҳияи Шаҳринав оид ба парвариши зоти гӯсфанди ҳисорӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ, кооперативҳои тиҷоративу истеҳсолии самти чорвопарварӣ аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба намоиш –фурўш гузошта шуд.
Иштирокдорон соҳаи чорводориро яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки соҳаи кишоварзӣ ҳисобида, иброз доштанд, ки дар таъмини амнияти озуқавории аҳолии мамлакат бо маҳсулоти ғизоӣ, аз ҷумла гӯшту шир ва соҳаи саноат бо ашёи хом мавқеи намоён дорад. Хусусан дастгириву таваҷҷуҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳа мусоидат кардааст.
Тазаккур бояд дод, ки тибқи маълумоти оморӣ, ба ҳолати 1 майи соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 2 миллиону 578 ҳазору 270 ҳазор сар чорвои калон, аз ҷумла 1 миллиону 335 ҳазор модагов, 6 миллиону 569 ҳазор сар гӯсфанду буз ва 85 ҳазор сар асп ба қайд гирифта шудааст. Дар ин давра 64822 тонна гӯшт ва 258101 тонна шир истеҳсол карда гардидааст.
Дар охири чорабинӣ барои иштироки фаъолона як қатор шахсоне, ки дар рушди соҳа саҳм доранд, бо “Сипоснома” ва туҳфаҳои хотиравии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд.
АКС: Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон