Раиси Бонки миллии Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи Маркази минтақавии Хазинаи Байналмилалии Асъор дар Алмаато иштирок намуд

 Дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон Маркази минтақавии Хазинаи Байналмилалии Асъор оид ба рушди иқтидори кишварҳои Қафқоз, Осиёи Марказӣ ва Муғулистон ифтитоҳ гардид, ки дар маросими кушодашавии он раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода иштирок намуд. Дар ин хусус Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ҳадаф аз таъсиси ин Марказ рушди иқтисоди Қазоқистон, Арманистон, Озарбойҷон, Гурҷистон, Қирғизистон, Муғулистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон мебошад. Ба ғайр аз Қазоқистон, инчунин Узбекистон ва Гурҷистон ҷойгир намудани маркази мазкурро дар ҳудудашон дархост карда буданд ва моҳи октябри соли 2019 Хазинаи Байналмилалии Асъор тасмим гирифт, ки он дар шаҳри Алмаато таъсис дода шавад.

Маркази минтақавӣ дар Алмаато 17-умин Маркази минтақавии рушди иқтидори Хазинаи Байналмилалии Асъор буда, бино ба иттилои раиси шаҳри Алмаато Ерболат Досаев, таъсиси он ба табодули таҷриба байни кишварҳо, афзоиши иқтидори иқтисодӣ ва суботи молиявии тамоми минтақа мусоидат хоҳад кард.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи 4-уми «Ҳамкории Хазинаи Байналмилалии Асъор бо кишварҳои Қавқоз, Осиёи Марказӣ ва Муғулистон оид ба рушди иқтидор» гуфт, ки ин рўзро метавон санаи таърихӣ номид, зеро дар таърихи ҳамкории мутақобилаи ин Хазина ва кишварҳои минтақа марҳалаи нави ҳамкориро оғоз мебахшад.

Таъкид шуд, ки аз соли 2021 то ба имрӯз Маркази минтақавӣ ба таври фосилавӣ фаъолият дошт ва намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон дар чорабиниҳои омӯзишӣ, вебинарҳо, мизҳои мудаввар ва муҳокимаҳои ташкилнамудаи он фаъолона иштирок намуданд. Чорабиниҳои омӯзишии Марказ доираи васеи мавзуъҳо, аз қабили рушди устувор ва фарогирии молиявии иқтисодиёти кишварҳои минтақа, навовариҳои бахши молиявӣ, ҳамгироии минтақавӣ, асосҳои макроиқтисодии низоми бонкӣ, тағйирёбии иқлим, сиёсати пулию қарзӣ ва фискалиро дар бар мегирифт.

Сарфи назар аз пешниҳоди кумаки техникӣ ва маслиҳатҳои муфиди мутахассисони Маркази минтақавӣ дар самти идоракунии макроиқтисодии самарабахш, ҳанӯз ҳам масъалаҳои нави ҳалталаб ҷиҳати рушди иқтидор боқӣ мемонанд.

Ҳоким Холиқзода дар идомаи суханаш зарурати беҳтар намудани заминаи амалиётии сиёсати пулию қарзиро таъкид намуд. Ҳамзамон изҳори итминон карда шуд, ки Маркази минтақавӣ дар самтҳои муҳимми соҳа, аз ҷумла дастгирии босуботи пулию қарзӣ ва молиявӣ, пешбурди сиёсати самараноки макропруденсиалӣ, танзиму назорати бонкӣ, амнияти иттилоот, мубориза бо таҳдидҳои киберӣ, идоракунии хавфҳо, рушди бозори коғазҳои қиматнок, тақвияти фаъолияти низоми пардохт, татбиқ ва истифодаи меъёрҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ (IFRS) ҳамкории самарабахшро давом медиҳад.

Гуфта шуд, ки Маркази минтақавӣ ба як платформаи ҷудонашавандаи рушди неру ва дониш дар минтақа табдил ёфта, минбаъд низ ҷиҳати таҳкими ҳамкории сохторҳои молиявии кишварҳои Қавқоз, Осиёи Марказӣ ва Муғулистон тавассути дарки амиқи хусусиятҳо ва ниёзҳои ин давлатҳо мусоидат хоҳад кард.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE