Амороти Муттаҳидаи Арабро то интихоб шудани президенти нав сарвазир идора мекунад
Ноиби президент, Сарвазири Амороти Муттаҳидаи Араб ва Ҳокими Дубай Муҳаммад ибни Рошид Оли Мактум бинобар даргузашти президент Халифа ибни Зоид Оли Наҳён то интихоб шудани президенти нав иҷрокунандаи вазифаи президенти давлат мегардад. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин бора шабакаи телевизионии «Ал-Арабия» хабар дод.
«Тибқи конститутсияи Амороти Муттаҳидаи Араб, Ноиби президент, Сарвазир ва Ҳокими Дубай Муҳаммад ибни Рошид Оли Мактум то замони дар давоми 30 рӯз ҷамъ омадани шӯрои федералӣ, ки аз ҳокимони ҳафт Аморот иборат аст, барои интихоби президенти нав иҷрокунандаи вазифаи президент мегардад», — шабакае, ки аз Дубай пахш мешавад.
Дар ҳамин ҳол, валиаҳди Абу-Забӣ Муҳаммад ибни Зоид Оли Наҳён, ки солҳои ахир ба далели бемории тӯлонии собиқ президент роҳбари воқеии Амороти Муттаҳидаи Араб буд, имкони бештар дорад, ки дар ин кишвар президенти интихобшуда гардад.
Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дод, дирӯз, 13 май, Президенти Амороти Муттаҳидаи Араб Халифа бин Зоид Оли Наҳён дар синни 73-солагӣ аз олам даргузашт. Дар кишвар мотами миллӣ эълон гардид, ки тибқи изҳорот, он 40 рӯз идома меёбад ва дар ин муддат парчамҳои давлатӣ нимафрохта мешаванд. Ҳамчунин ҳама вазоратҳо, муассисаҳои давлатӣ ва корхонаҳои бахши хусусӣ барои се рӯз баста мешаванд.
13 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба валиаҳди Абу-Забӣ, муовини Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Амороти Муттаҳидаи Араб Шайх Муҳаммад ибни Зоид Оли Наҳён ва ба Ноиби Президент, Сарвазири Амороти Муттаҳидаи Араб ва Ҳокими Дубай Шайх Муҳаммад ибни Рошид Оли Мактум барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.