Ғарқшавии навраси 16 сола аз беназоратии калонсолон

18 – уми июни соли 2023 соати 09:30 дақиқаи вақти маҳаллӣ ҳангоми оббозӣ дар ҷойи мамнуъ як сокини 16-солаи шаҳри Хуҷанд ғарқ шуд. Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ғаввосони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба ҷойи ҳодиса расида, баъди роҳандозии корҳои ҷустуҷӯӣ ҷасади наврасро аз об берун оварданд ва ба мақомоти марбута супурданд.

Аз аввали соли ҷорӣ то ба имрӯз дар обҳои кишвар 65 нафар ғарқ шуданд, ки 36 нафари онҳо бачаҳо ва наврасони то 16-сола мебошанд. 

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба падарону модарон ва пайвандони кӯдакону наврасон мерасонад, ки фарзандони ноболиғи худро беназорат нагузоранд.

Қоидаҳои шиновариву оббозиро ҷиддан риоя кунед!

Ҳузури ноболиғон дар соҳили обҳо танҳо бо ширкати шахсони калонсол иҷозат аст!

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE