НАТИҶАГИРӢ  АЗ ФАЪОЛИЯТИ НУҲМОҲАИ СОЛИ 2022 ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

Имрӯз дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода таҳти раёсати раиси шаҳр Акрамзода Парвиз Акрам ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асозода Нуралӣ доир ба “Натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар нуҳ моҳи соли 2022 ва вазифаҳо барои семоҳаи чоруми соли 2022” маҷлис доир гардид. Дар кори маҷлис муовинони раиси шаҳр, мудирони бахшу сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳои деҳот, намояндагони ВАО ва як қатор фаъолони шаҳр иштирок доштанд.

Нахуст муовини аввали раиси шаҳри Турсунзода Остоназода Сайдамин оид ба “Натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳр дар нӯҳ моҳи соли 2022” ҳисобот дод. Зикр гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ вобаста ба баррасии саривақтии муроҷиати шаҳрвандон тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд. Нишондиҳандаҳо дар ҳамаи соҳаҳо назаррас арзёбӣ гардид.

Вобаста ба ҳисоботи муовини аввали раиси шаҳр мубодилаи афкор сурат гирифт. Раиси шаҳр Акрамзода Парвиз Акрам таъкид дошт, ки ҷиҳати рушди фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, афзун гардонидани ҳаҷми истеҳсолот ва муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ, чораҳои аз ин ҳам бештар андешида шавад.

Зимни маҷлис оид ба беҳтар сохтани фаъолияти соҳаҳои маориф ва тандурустӣ, соҳаи кишоварзӣ низ масъулин аз ҷониби роҳбарияти шаҳр дастурҳои мушаххас гирифтанд.

Раиси шаҳри Турсунзода зимни баромади худ таъкид дошт, ки “Сокинони ободгар ва заҳматпешаи шаҳри Турсунзода бо иҷрои корҳои созандагӣ дар рушду пешрафти шаҳрамон саҳми босазо мегузоранд. Натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзии кишоварзони шаҳр буд, ки Пешвои миллат зимни ташрифи навбатиашон ба шаҳри Турсунзода бо фаъолияти боғу токпарварони асил шинос шуда, барои меҳнати софдилонаи сокинон баҳои баланд доданд.

Моро зарур аст, ки ба ивази боварии роҳбарияти олии мамлакат дучанд заҳмат кашида, дар гулгулшукуфоии диёр ва Ватани хеш ҳиссагузор бошем”.

Намояндаи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти академияи илмҳои кишоварзӣ Асозода Нуралӣ баргузории маҷлиси ҳисоботиро ки оид ба “Натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар нуҳ моҳи соли 2022 ва вазифаҳо барои семоҳаи чоруми соли 2022”-ро қаноатбахш арзёбӣ намуд. Номбурда ҷиҳати беҳтар намудани фаъолияти меҳнатӣ бахусус дар соҳаи саноат маслиҳатҳои муфид дод.

Манбаъ: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE