Варзишгарони Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба қаиқронӣ ду медал ба даст оварданд

 Аз 15 то 18 июн дар шаҳри Фанг-Нгаи Таиланд Чемпионати Осиё оид ба қаиқронӣ-марафон байни калонсолон, ҷавонон ва наврасон баргузор гардид, ки дар он варзишгарони Тоҷикистон ду медал ба даст оварданд. Дар ин хусус Федератсияи қаиқронии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ин чемпионат Ҷумҳурии Тоҷикистонро Шаҳриёр Даминов ва Муҳаммад Радҷабов намояндагӣ намуданд.

Шаҳриёр Даминов байни калонсолон дар намуди каноэ якнафара ҷойи дуюм дар масофаи 10000м ва Раҷабов Муҳаммадӣ байни наврасон дар намуди каноэ якнафара дар масофаи 10000м ҷойи аввалро сазовор гаштаанд.

АКС: Федератсияи қаиқронии Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE