Имрӯз дар Хуҷанд Форуми соҳибкории G5 баргузор мегардад
Имрӯз дар шаҳри Хуҷанд дар ҳошияи Намоишгоҳи байналмилалии «Суғд-Экспо -2023» Форуми соҳибкории G5 баргузор мегардад. Дар ин хусус сардори шуъбаи умумӣ ва кадрҳои Муассисаи давлатии ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон Муҳаммаднасим Розиқов иттилоъ дод.
Мавсуф афзуд, ки ҳадафи Форуми соҳибкории G5 баланд бардоштани малакаҳои соҳибкорони ҷавон, ҳавасманд ва ҷалби онҳо ба фаъолияти соҳибкорӣ ва мусоидат ба рушди иқтисоди миллӣ мебошад.
Интизор меравад, ки дар Форум беш аз 650 нафар соҳибкорону ҷавонон, намояндагони мақомоту идораҳои давлатӣ, бахши хусусӣ ва шарикони рушд иштирок намоянд.
АКС аз манбаъҳои боз