ФУТБОЛ. Имрӯз Мусобиқаи Ҷоми «Ҷавонӣ» байни ҳайатҳои ҷавонони дастаҳои Лигаи олӣ оғоз меёбад

Имрӯз, 7 июл Мусобиқаи Ҷоми «Ҷавонӣ», ки дар он ҳайатҳои ҷавонони дастаҳои Лигаи олӣ иштирок мекунанд, оғоз мешавад. Дар ин хусус Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Аз рӯи натиҷаи қуръакашӣ даҳ даста ба се гурӯҳ тақсим шуданд. Ба гурӯҳи «А» дастаҳои футболи «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор, «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ, «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд ва «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода шомил гардиданд.

Гурӯҳи «Б» аз дастаҳои «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд, «Хатлон»-и шаҳри Бохтар ва «Куктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ иборат аст.

Дар гурӯҳи «В» дастаҳои футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе, «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб ва КМВА-и шаҳри Душанбе байни ҳам бозӣ мекунанд.

Дар марҳилаи гурӯҳӣ бозиҳо аз рӯйи системаи даврӣ доир мешаванд. Ғолибони гурӯҳ, инчунин дастаи беҳтарини ҷойи дуюм ба марҳилаи баъдӣ роҳ меёбанд ва дар он ҷуфтҳои ниманиҳоиро ташкил мекунанд. Ғолибони бозиҳои даври 1/2 ниҳоӣ ба финал мебароянд ва дастаҳои мағлубшуда барои ҷойи сеюм байни ҳам рақобат менамоянд.

Хотиррасон мешавем,ки фонди ҷоизавии Ҷоми «Ҷавонӣ» 60 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ғолиби мусобиқа бо 30 000 сомонӣ, барандаи медали нуқра бо 20 ҳазор сомонӣ ва барандаи медали биринҷӣ бо 10 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ мегарданд.

Ғолиби феълии мусобиқот дастаи ҷавонони «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе, ки соли гузашта дар бозии ниҳоӣ бар дастаи ҷавонони «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуда буд, мебошад.

Натиҷаи қуръакашии Ҷоми «Ҷавонӣ»-2023:

Гурӯҳи «А»: «Ҳосилот», «Файзканд», «Эсхата», «Регар-ТадАЗ».

Гурӯҳи «В»: «Хуҷанд», «Хатлон», «Куктош».

Гурӯҳи «В»: «Истиқлол», «Равшан», КМВА.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE