8 медали варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё/Уқёнус оид ба дзюдо

Паҳлавонони ҷавони тоҷик дар Чемпионати Осиё/Уқёнус оид ба намуди гӯштини дзюдо, ки 4-5 декабр дар шаҳри Бейрути Лубнон баргузор  гардид, 5 медал – 1 тилло, 1 нуқра ва 3 биринҷӣ ба даст оварданд, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон.

Дар чемпионати мазкур 127 варзишгар (82 мард, 45 зан) аз 17 давлати қора ширкат карданд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи муҳим  миёни писарон 9 варзишгар — Хурсандқул Куганов (-66кг), Абубакр Шеров (-66кг), Муҳаммадиқбол Тошов (-73кг), Масъуд Аҳмадзод (-73кг), Муҳаммадҷон Абдуҷалилов (-81кг), Шодмон Ризоев (-81кг), Раҳматулло Мирзоев (-90кг), Мансур Раҳмон (-100кг), Давлатҷон Назриев (+100кг) намояндагӣ карданд, ки дар натиҷа соҳиби 1 медали тилло, 1 нуқра ва 3 биринҷӣ шуданд.

Медали тиллоро Шодмон Ризоев дар вазни -81кг сазовор гашт. Ӯ дар финал бар намояндаи дигари Тоҷикистон Муҳаммадҷон Абдуҷалилов пирӯз шуд.

Шодмон Ризоев соли 2019 дар Чемпионати Осиё/Уқёнус миёни ҷавонон дар Тайпейи Чин дар вазни -66кг медали нуқра гирифта буд.

Абубакр Шеров (-66кг), Масъуди Аҳмадзод (-73) ва Давлатҷон Назриев (+100кг) медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Хотиррасон мешавем, ки дар Чемпионати Осиё/Уқёнус оид ба гӯштини дзюдо миёни наврасон Парвиз Абдураҳмонов (+90кг) сазовори медали нуқра, Суруш Эркаев (-60кг) ва Муҳаммад Юсуфзода (-66кг) сазовори медалҳои биринҷӣ шуданд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE