Тими миллии Тоҷикистон оид ба футбол дар марҳилаи интихобӣ дар гурӯҳи «F» ҷои аввалро ишғол кард
Шоми дирӯз дар Варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқови шаҳри Бишкек даври ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи «F» миёни тимҳои футболи мунтахаби Тоҷикистон ва Қирғизистон дар сатҳи баланд баргузор гардид. Вохӯри ин дастаҳои мунтахаб хеле ҷолиб сурат гирифта, бо ҳисоби мусовӣ 0:0 анҷом ёфт, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Дар ду даври гузашта тими мунтахаби Тоҷикистон бар Мянмар (4:0) ва Сингапур (1:0) ғалаба карда буд. Ҳамин тариқ, тимҳои футболи мунтахаби Тоҷикистон ва Қирғизистон 7-холӣ ба даст оварда, ба марҳилаи финалии Ҷоми Осиё роҳ ёфтанд. Аз ҳисоби таносуби тӯбҳо Тоҷикистон дар гурӯҳ ҷои аввалро ишғол кард. Дар се бозӣ мунтахаби Тоҷикистон ба дарвозааш ягон гол сар надод.
Ёдрас мешавем, ки тими мунтахаби Тоҷикистон бо роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт бори аввал дар таърих ба марҳилаи финалии Ҷоми Осиё, ки аз 16 июн то 16 июли соли 2023 ба нақша гирифта шудааст, роҳ ёфт. Дар марҳилаи финалии Ҷоми Осиё-2023 дар баробари Тоҷикистон, тимҳои мунтахаби Ҷопон, Сурия, Қатар, Кореяи Ҷанубӣ, Австралия, Эрон, Арабистони Саудӣ, АМА, Чин, Ироқ, Уммон, Ветнам, Лубнон, Урдун, Фаластин, Узбекистон, Тайланд, Ҳиндустон, Ҳонг Конг, Баҳрайн, Малайзия, Қирғизистон ва Индонезия иштирок хоҳанд кард.
Қарор дар бораи дар куҷо баргузор шудани 18-умин Ҷоми Осиё дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Конфедератсияи футболи Осиё 17 октябр қабул мегардад.