«CAFA FUTSAL CUP-2023». Мунтахаби футзали Тоҷикистон пеш аз мусобиқа дар Гулистон ҷамъомади тамринӣ мегузаронад

 Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба Мусобиқаи «CAFA Futsal Cup-2023» дар шаҳри Гулистон ҷамъомади тамринӣ-таълимӣ мегузаронад. Дар ин хусус Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Барои ҷамъомади дуҳафтаинаи тамринӣ, ки аз 7 то 21 июл дар Осоишгоҳи «Баҳористон»-и шаҳри  Гулистон баргузор мешавад, ситоди мураббиён 18 бозингар – 4 дарвозабон ва 14 футзалбозро даъват намудаанд. Ба рӯйхати ниҳоии даста 14 бозингар шомил карда мешавад.

Бояд гуфт, ки дар Мусобиқаи «CAFA Futsal Cup-2023» мунтахаби Тоҷикистон бо мунтахабҳои миллии Узбекистон (23 июл), Туркманистон (24 июл), Қирғизистон (26 июл), Афғонистон (28 июл) ва Эрон (30 июл) рақобат мекунад. Бозиҳо дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ доир мешаванд.

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Гулистон:

 Дарвозабонҳо: Фирӯз Бекмуродов («Истиқлол»), Фирӯз Бозмамадов («Соро компания»), Муродулло Алиқулов («Амонатбонк»), Лоиқ Давлатов («КПРФ-2, Русия);

Бозигарон: Дилшод Саломов, Файзалӣ Сардоров, Идрис Ёров, Муҳаммадҷон Шарифов, Некрӯз Алимаҳмадов, Бахтиёр Солиев, Самандар Ризомов, Муҳаммад Раҷабов (ҳама аз «Соро компания»), Комрон Алиев, Некрӯз Идиев, Насратшо Исмоилов (ҳама аз «Истиқлол»), Умед Кузиев, Фаридун Неъматов (ҳарду аз «Амонатбонк»), Баҳодур Хоҷаев («Истаравшан»).

Сармураббӣ – Пайрав Воҳидов.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE