Дар Турсунзода сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 800 нафар хонанда пешбинишуда оғоз гардид

Дар деҳаи Файзободи Ҷамоати деҳоти Регари шаҳри Турсунзода ба сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №39 оғоз бахшида шуд. Дар ин хусус Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода хабар медиҳад.

Мактаб тибқи лоиҳа, аз ду ошёна, 16 синфхона ва 2 утоқи корӣ иборат мебошад ва дар ду баст 800 нафар хонандаро ба таҳсил фаро хоҳад гирифт.

Бояд гуфт, ки аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода дар марҳилаи аввали сохтмони мактаби мазкур 40 ҳазор дона хишти пухта ҷудо гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва саҳми соҳибкорону сокинони маҳаллӣ ҳамзамон муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №36-и деҳаи Шӯрхоки Ҷамоати деҳоти Қаратоғ навсозӣ мегардад. Мактаби мазкур барои 400 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.

Тибқи иттилои манбаъ, сол то сол аҳолии деҳоти мазкур зиёд мегардад, аммо шароити бинои феълии мактаб барои таълиму тарбияи босифат созгор нест. Аз ин лиҳоз тибқи лоиҳа, 8 синфхона, як утоқи корӣ ва як хонаи омӯзгорони ин мактаб навсозӣ мешавад.

Ҳамчунин роҳбарияти шаҳр дар деҳаи Шодиёнаи Ҷамоати деҳоти Регар бо рафти корҳои сохтмонӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №68 шинос шуд.

Бояд тазаккур дод, ки дар доираи нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода роҳҳои байнидеҳавӣ таъмиру навсозӣ гардида истодаанд. Аз ҷумлаи чунин бунёдкориҳо дар Ҷамоати ба номи Ҷӯра Раҳмонов вусъат гирифтааст.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE