Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ Баҳодур Усмоновро бо мошини сабукрав қадрдонӣ намуданд

Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷоизадори медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс Баҳодур Усмоновро бо мошини сабукрав  қадрдонӣ намуданд, хабар медиҳад  Федератсияи бокси Тоҷикистон.

Инчунин Баҳодур Усмонов аз ҷониби ҷониби Федератсияи бокси Тоҷикистон бо 70 ҳазор  сомонӣ ва муррабии ӯ Мирзо Шамсиев бо 15 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ шуданд.

Ёдовар мешавем, ки варзишгари тоҷик Баҳодур Усмонов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс дар Тошканд сазовори медали биринҷӣ гардид.

12 май Баҳодур Усмонов дар вазни 63,5 кг дар даври нимниҳоии Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс аз Чинзориг Баатарсух аз  Муғулистон бо ҳисоби 1 бар 4 мағлуб шуд.

АКС аз манбаъҳои боз

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE