Дар Душанбе курсҳои Федератсияи байналмилалии футбол барои доварон оғоз гардид

10 июл дар Душанбе курси омӯзишӣ барои доварон таҳти унвони «FIFA MA Elite Referees Course» оғоз гардид, ки таҳти сарпарастии Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) баргузор мешавад. Дар ин хусус Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Тайи панҷ рӯз дастурдиҳандаи Федератсияи байналмилалии футбол ва Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) Ҳакан Аназ аз Австралия, ки дар Чемпионати ҷаҳон-2014 дар Бразилия фаъолият намудааст, дар Тоҷикистон барои доварон дарсҳои назариявӣ ва амалӣ мегузаронад.

Дар курсҳо дастурдиҳандаҳо аз Тоҷикистон – Умед Раҳимов ва Кристина Пронженко, инчунин 32 довари футбол – 12 довари марказӣ ва 20 ёвар иштирок менамоянд.

Курсҳои Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) барои доварон дар Тоҷикистон то 14 июл идома хоҳанд намуд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE