Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ 7 ҳазору 803 ҳолати истифодаи ғайримақсадноки заминро ошкор намуд
Аз 7 ҳазору 803 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин, ки дар нимсолаи аввали соли равон аз ҷониби нозирони Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти он дар маҳал ошкор гардид, 7 ҳазор дастур барои бартараф намудани онҳо дода шуд.
Тавре аз Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ хабар доданд, нисбат ба 6 ҳазору 548 ҳолат парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, ба маблағи 3 миллиону 678 ҳазору 27 сомонӣ қарорҳои ҷаримабандӣ қабул гардид, ки аз ин 2 миллиону 825 ҳазору 67 сомонӣ ба суратҳисоби махсуси Кумитаи давлатӣ ворид шудааст.
Умуман давоми нимсолаи аввали соли равон аз ҷониби нозирони Кумитаи давлатӣ 13 ҳолати қабули қарорҳои ғайриқонунӣ дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Варзоб, Кушониён, Панҷ, Ёвон ва Варзоб вобаста ба замин ошкор шуда, барои бекор намудани онҳо ва ба талаботи қонунгузорӣ мутобиқ намудани ин қарорҳо пешниҳодҳои дахлдор ирсол гардид.
Инчунин дар ин давра Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ дар ноҳияҳои Панҷ ва Ёвон санҷиши риояи талаботи қонунгузории замин гузаронида, дар маҷмӯъ 257 ҳолати вайронкунии қонунгузории заминро дар ин ноҳияҳо ошкор ва қарорҳои ғайриқонуниро бекор намуд.
АКС: Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон