Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустин дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт

 Имрӯз дар доираи сафар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустин ҳамчун рамзи эҳтиром ба таърихи давлатдории тоҷикон дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ дар Маҷмааи меъмории «Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон», воқеъ дар майдони «Дӯстӣ»-и Душанбе гулчанбар гузошт.

Дар ин маросим меҳмони олимақомро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд.

Имрӯз мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустин дар назар аст.

Ҳамзамон Михаил Мишустин аз Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ба номи Юрий Гагарин боздид карда, дар Конфронси 9-уми ҳамкории байниминтақавӣ ва бизнес-форуми Тоҷикистон ва Русия иштирок менамояд.

3 март дар шаҳри Душанбе музокироти васеи ҳайатҳои Тоҷикистон ва Русия дар назар аст.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE