Имрӯз Иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор мегардад

Имрӯз, 12 июн Иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор мегардад, хабар доданд дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.

Дар иҷлосия гузориши раиси Комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе шунида шуда, ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №21 тасдиқ карда мешавад.

Ҳамчунин вакилон иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба таҷлили ҷашни 35–солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, ҷараёни амалишавии «Барномаи сармоягузориҳои давлатӣ барои солҳои 2021–2025» дар пойтахт, тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе ва дигар масъалаҳоро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.

АКС: Dushanbe travel

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE