Палмаи Ceroxylon quindiuense 50 метр дарозӣ дорад
Ceroxylon quindiuense баландтарин дарахти палма дар ҷаҳон аст. Он расман дар китоби рекорди Гиннес сабт шудааст ва дарахти миллии Колумбия мебошад. Ин дарахти палмаро дар ҳудуди минтақаҳои баландкӯҳи водии Кокора дидан мумкин аст. Масоҳати ин водӣ тақрибан 65 ҳазор километри мураббаъро ташкил медиҳад, ки ба шарофати он дарахтони палма фазои кофӣ доранд.