Вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Шветсия суҳбати телефонӣ анҷом доданд

31 июли соли 2023 суҳбати телефонии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Шветсия Тобиас Биллстрём бо дархости он ҷониб баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Роҳбарони ниҳодҳои сиёсати хориҷии ҳар ду кишвар дар баробари баррасии масъалаҳои мубрами байналмилаливу минтақавӣ, роҷеъ ба сатҳи кунунӣ ва дурнамои робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Шветсия, инчунин дар чаҳорчӯби шарикӣ бо Иттиҳоди Аврупо табодули афкор намуданд.

акс: ВКХ ҶТ

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE