Ба Комиссияи марказии интихоботи Қазоқистон 12 номзад барои мақоми президентӣ ҳуҷҷат супурданд

Ба Комиссияи марказии интихоботи Қазоқистон 12 номзад барои мақоми президентӣ ҳуҷҷат супурданд. Тавре ин маълумотро агентии «Казинформ» нашр намудааст.

Пешбарии номзадҳо ба мақоми сарвари давлат дар Қазоқистон аз 23 сентябр то 11 октябр сурат гирифт. Дар ин муддат ба Комиссияи марказии интихоботӣ 12 нафар ҳуҷҷат пешниҳод карданд, ки онҳоро ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявӣ пешбарӣ кардаанд. Аз ҷумла, президенти амалкунандаи кишвар Қосим-Жомарт Токаев ният дорад дар интихобот ширкат кунад.

Интихоботи президентии Қазоқистон 20 ноябр таъйин шудааст. Гуфта мешавад, ки номзад бояд на камтар аз 40 сол дошта, шаҳрвандии кишварро аз рӯзи таваллуд дошта, 15 соли охир дар ҷумҳурӣ зиндагӣ карда бошад. Доштани маълумоти олӣ ҳатмист. Ҳар довталаби курсии раҳбари давлат бояд 118 000 имзо ҷамъ оварад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE