Дар ноҳияи Шаҳринав андозҳо ва дигар пардохтҳо 103,3% иҷро шуд

Дар ноҳияи Шаҳринав доир ба ҷаъмбасти фаъолияти нимсолаи аввали соли 2023 нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

“Дар давраи ҳисоботӣ  нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои хаттӣ бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 103,3 фоиз таъмин гардид. Ба ҷои 22 млн. 600 ҳазор сомонии пешбинишуда ба буҷет 23 млн. 972 хазор сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбати накша 1 млн. 372 хазор сомонӣ зиёд мебошад. Иҷроиши нақша бе андози иҷтимоӣ 104 фоиз таъмин гашта, ба ҷои 19 млн. 22 ҳазору 215 сомонӣ ба буҷет 19 млн. 861 ҳазор 907 сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда 838 ҳазору 900 сомонӣ зиёд мебошад” иброз дошт зимни нишаст раиси ноҳияи Шаҳринав Вализода Абуқодир.

Тоҷиддин Сатторзода

Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE