Ба тарбиятгирандагони Хонаи кӯдакон ва Мактаб-интернати шаҳри Исфара туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Барои 91 нафар тарбиятгирандагони Хонаи кӯдакон ва Мактаб-интернат барои кӯдакони қувваи босираашон суст ва зарири шаҳри Исфара дастархони идона ороста шуда, туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз маҷмуи сару либос, пойафзол ва шириниҳо иборат буданд, тақдим гардид.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара иттилоъ доданд, дастгирии ятимону бепарасторон, маъюбону барҷомондагон ва оилаҳои ниёзманд дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат мақоми меҳварӣ дошта, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар ҳаққи чунин нафарон ғамхорӣ зоҳир менамоянд.
Иброз гардид, ки имрӯз таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосса Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин қишри ҷомеа зиёд буда, пайваста дар тамоми иду ҷашнҳо ба онҳо кумак ва туҳфаҳо расонида мешаванд.
Омӯзгорону парасторон ва волидайни тарбиятгирандагони Хонаи кӯдакон ва Мактаб-интернат барои кӯдакони қувваи босираашон суст ва зарири шаҳри Исфара барои ғамхорию дастгирии ҳамешагии Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи сипосу миннатдорӣ намуданд.
Иброз гардид, ки ҳоло барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон шароити мусоид фароҳам буда, биноҳои маъмурию таълимӣ, хобгоҳ, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон таъмиру навсозӣ карда шудаанд. Маводи ғизоӣ, сару либос ва лавозимоти зарурии таълимӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ва сарпарасон сари вақт расонида мешавад.

