Дар ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 корхонаи истеҳсолӣ аз кор монд
“Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ корхонаи саноатии ноҳияи Рӯдакӣ ҳаҷми маҳсулоти саноатиро ба маблағи 246,6 миллион сомонӣ таьмин намуданд,ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022- ум 78,7 миллион сомонӣ ё худ 76,5 фоиз коҳиш ëфтааст”- изҳор дошт имрӯз зимни нишасти хабарӣ Абдуғаффор Ҳикматуллозода раиси ноҳияи Рӯдакӣ. Масъулин омили коҳиш ëфтани ҳаҷми маҳсулоти саноатиро аз фаъолият боз мондани беш аз 10 корхонаи истеҳсолӣ арзëбӣ намуданд.
Тоҷиддин Сатторзода
Садои Душанбе