ДАР ШАҲРИ ВАҲДАТ ФЕСТИВАЛИ НАМОИШ ВА ФУРӮШИ ЧОРВОИ ЗОТӢ БАРГУЗОР ГАРДИД…

ДАР ШАҲРИ ВАҲДАТ ФЕСТИВАЛИ НАМОИШ ВА ФУРӮШИ ЧОРВОИ ЗОТӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

Имрӯз дар Ҷамоати шаҳраки Нуъмон Розиқии шаҳри Ваҳдат бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода, вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода ва намояндагони соҳа фестивали намоиш ва фурӯши чорвои зотӣ баргузор гардид.

Ҳадафи асосии фестивал муаррифии дастовардҳои соҳаи чорводорӣ, рушди зотпарварӣ, беҳтар намудани сифати саршумори чорво ва баланд бардоштани иқтидори истеҳсолии хоҷагиҳои чорводорӣ мебошад.

Дар доираи фестивал чорвои зотии хоҷагиҳои чорводории шаҳри Ваҳдат ва дигар минтақаҳои мамлакат ба намоиш ва фурӯш гузошта шуда, иштирокчиён бо хусусиятҳои зотҳои гуногуни чорво, имкониятҳои парвариш ва таҷрибаи чорводорони ватанӣ шинос гардиданд.

Зикр шуд, ки баргузории чунин чорабиниҳо барои рушди соҳаи чорводорӣ, афзоиши саршумори чорвои хушзот, баланд бардоштани маҳсулнокӣ ва таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти хушсифати чорводорӣ мусоидат менамояд.

Тоҷиддин Сатторзода
Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE