ТАШРИФИ НАМОЯНДАГОНИ РАЁСАТИ ДОВАРОНИ КОНФЕДЕРАТСИЯИ ФУТБОЛИ ОСИЁ БА ДУШАНБЕ

Дар чаҳорчӯби лоиҳаи Конфедератсияи футболи Осиё оид ба рушди идоракунии доварӣ намояндагони раёсати доварони КФО бо сафари корӣ ба Тоҷикистон омаданд. Дар ин бора аз Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ҳар сол Конфедератсияи футболи Осиё се кишварро барои лоиҳаи рушди идоракунии доварӣ интихоб мекунад. Имсол Тоҷикистон дар қатори кишварҳое шомил гардид, ки ин лоиҳа амалӣ мешавад.

Мақсади лоиҳаи идоракунии рушди доварон муайян кардани ҷиҳатҳои қавӣ ва заъфи раёсат ва кумитаҳои доварони кишварҳое, ки шомили КФО мебошанд, ба шумор меравад.

Зимни сафар ба Тоҷикистон роҳбари маъмурияти раёсати доварони КФО Ҳирокузо Абэ ва менеҷери лоиҳаи идоракунии раёсати доварони КФО Рии Ченгсеок бо роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон – ноиби президент Алишер Урунов, ки раиси Кумитаи доварони ФФТ мебошад ва котиби генералии ФФТ Фурқат Ахмедҷонов, инчунин сардори раёсати доварон ва нозирони Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустам Абдуллоев мулоқоти корӣ анҷом доданд.

Ҳамчунин, дар ҷараёни сафари корӣ намояндагони раёсати доварони КФО аз бозиҳои даври шонздаҳуми мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон-2023 миёни дастаҳои «Истиқлол» – «Регар-ТадАЗ» ва «Куктош» – «Файзканд» дидан карданд.

Дар охир аз ҷониби комиссия барои беҳтар намудани сатҳи тайёрии доварон дар Тоҷикистон маслиҳатҳо дода шуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE