СУҒД: МАРОСИМИ ИФТИТОҲИ ДАВРИ СЕЮМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ”
14 августи соли ҷорӣ дар МДТ “Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон”-и вилояти Суғд даври сеюми (вилоятӣ) озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз рӯйи шаш номинатсия – адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик, адабиёти ҷаҳон, эҷоди назм ва эҷоди наср оғоз гардид. Дар ин бора аз Раёсати маорифи вилояти Суғд иттилоъ доданд.
Дар маросими кушодашавии даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб” муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёдулло Абдулзода, муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ, сардори Раёсати маорифи вилоят Мадина Набизода, ҳайати комиссия озмун ва ғолибони даври дуюм иштирок намуданд.
Нахуст, Зайнура Азимӣ – муовини Раиси вилояти Суғд зимни суханронӣ, зикр дошт, ки даври аввали озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, маҷмўан, бо иштироки 67473 нафар довталаб дар муассисаҳои таълимӣ ва ҷамоати шаҳраку деҳоти шаҳру ноҳияҳо вилоят дар сатҳи хуб баргузор гардид. Аз шумораи зикршуда 60713 нафарро хонандагони муассисаҳои таълимӣ, 1675 нафарро донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавр, магистр) ва докторантҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ, 3188 нафарро омўзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат ва 1897 нафарро намояндагони касбу кори гуногун ташкил доданд.
Аз шумораи умумии ба даври аввал иштирокнамуда, 19042 нафар ба даври дуюм роҳ дода шуданд, ки аз инҳо 16186 нафарро хонандагони муассисаҳои таълимӣ, 479 нафарро донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавр, магистр) ва докторантҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ, 1531 нафарро омўзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, 940 нафарро намояндагони касбу кори гуногун ташкил медиҳанд.
Дар даври дуюми озмун, маҷмўан, бо иштироки 10860 нафар довталаб дар муассисаҳои таълимӣ ва ҷамоати шаҳраку деҳоти шаҳру ноҳияҳо вилоят дар сатҳи хуб баргузор гардид. Аз шумораи зикршуда 9276 нафарро хонандагони муассисаҳои таълимӣ, 410 нафарро донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавр, магистр) ва докторантҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ, 772 нафарро омўзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат ва 402 нафарро намояндагони касбу кори гуногун ташкил доданд.
Аз шумораи умумии ба даври дуюм иштирокнамуда, 1146 нафар ба даври сеюм роҳ дода шуданд, ки аз инҳо 836 нафарро хонандагони муассисаҳои таълимӣ, 79 нафарро донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавр, магистр) ва докторантҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ, 162 нафарро омўзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, 69 нафарро намояндагони касбу кори гуногун ташкил медиҳанд.
Дар идома, мавсуф меҳмон ва ҳайати комиссияи озмунро ба иштирокдорон муаррифӣ намуд.
Сипас Зиёдулло Абдулзода – муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини шаффофият ва дар сатҳи баланд баргузор намудани даври сеюми озмун ба масъулин дастурҳои мушаххас дода, ба иштирокчиён муваффақиятҳо таманно намуд.
Баъди маросими ифтитоҳи озмун ҳамаи иштирокчиён ва доварон аз рӯи номинатсияҳо вориди синфхонаҳо гардиданд. Ҳамин тавр, рӯзи аввали озмун бо рӯҳияи баланд ва омодагии ҳаматарафа оғоз ёфт.