Иштироки варзишгарони тоҷик дар ниммарафони Тошканд

Дар шаҳри Тошканди  Узбекистон Ниммарафони байналмилалии Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) баргузор шуд, ки дар он чор нафар варзишгари тоҷик иштирок намуданд. Дар ин бора Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Кишвари моро дар ин мусобиқа чор нафар: Аъзамҷон Давлатов, Меҳрубон Шамсидинов, Зулҳиҷа Ғаффорзода, Раҷабмо Абдуллоева намояндагӣ карданд.

Дар Ниммарафони СҲШ ҳудуди 2300 варзишгар аз 31 давлат иштирок карданд. Ниммарафони СҲШ дар шаҳри Тошканд дар ду масофа баргузор шуд – 10 км ва 21 км 97,5 м.

Дар ниммарафон натиҷаи беҳтари варзишгарони мо миёни бонувон ба қайд гирифта шуд. Раҷабмо Абдуллоева бо натиҷаи 1:29:53 панҷум ва Зулҳиҷҷа Ғафорзода бо натиҷаи 1:31:00 шашум шуданд.

Миёни бонувон ғолиби Ниммарафони СҲШ-2021 дар Душанбе Азиза Мирзоакбарова (Узбекистон) бо натиҷаи 1:15:16 пирӯз шуд. Ҷои дуюм бо натиҷаи 1:16:45 насиби намояндаи Қирғизистон Мария Коробитская гардид. Ситора Қурбонова (Узбекистон) бо натиҷаи 1:24:38 сеюм шуда ба марра расид. Ҷои чорумро намояндаи дигари мизбон Маҳинабону Комилова ишғол кард — 1:25:29.

Миёни мардҳо бо натиҷаи 1:04:28 Нурсултон Кунешбеков (Қирғизистон) ҷои аввалро гирифт. Ғолиби Ниммарафони Душанбе дар соли 2021 Шоҳрух Давлатов (Узбекистон) бо натиҷаи 1:04:40 дуюм шуд. Ержан Жанарстанов аз Қазоқистон бо натиҷаи 1:07:47 ҷои сеюмро сазовор гашт. Се ҷои баъдиро намояндагони кишвари мизбон ишғол карданд – Отабек Тошқувватов (1:07:53), Ойбек Маматкомилов (1:08:26), Евгений Фадеев (1:08:42).

Ниммарафони СҲШ бо ташаббуси ин созмон аз соли 2016 инҷониб баргузор мегардад. Соли гузашта шаҳри Душанбе мизбони ин чорабинии байналмилалӣ буд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE