Рустами Эмомалӣ дар майдони Тянанмэни шаҳри Пекин дар назди Ёдгории қаҳрамонони халқӣ гулчанбар гузоштанд
21 август дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар майдони Тянанмэни шаҳри Пекин бо нишони эҳтиром ба таъриху фарҳанг ва қаҳрамонони мардуми Чин дар назди Ёдгории қаҳрамонони халқӣ гулчанбар гузоштанд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Бо гузоштани гулчанбар муҳтарам Рустами Эмомалӣ хотираи шаҳидони роҳи озодӣ ва қаҳрамонони халқи Ҷумҳурии Мардумии Чинро гиромӣ доштанд.
Дар маросими гулчанбаргузорӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро муовини раиси Комиссияи Маҷлиси умумичинии намояндагони халқии Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба масъалаҳои маориф, илм, фарҳанг ва тандурустӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд.