Дар ҳудуди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи шаҳри Душанбе қуттиҳои тӯрии партов гузошта шуд

Аз ҷониби Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе дар ҳудуди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 54, 92 ва 8 вобаста ба супориши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қуттиҳои тӯрии партов барои ҷамъоварии маводи пластикӣ гузошта шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе.

Ҳадаф аз амалӣ намудани чунин ташаббус- ин тоза нигоҳ доштани муҳити зист ва ҷамъоварию мавриди коркард қарор додани маводи пластикӣ мебошад. Зеро солҳои охир истифодаи маводи пластикӣ рӯ ба афзоиш оварда, боиси нигаронии аҳли ҷомеа гардидааст.

Бо коҳиш додани маводи пластикӣ ҳифзи муҳити зист таъмин мегардад, зеро он ба манбаъҳои обӣ таъсири манфӣ мерасонад.

Олимон исбот намудаанд, ки таҷзияи партовҳои пластикӣ дар табиат 180-200 солро дар бар мегирад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE