ЭЪЛОН: Фишори об ба хотири чораандешӣ ҷиҳати коркарду безараргардонӣ паст мешавад

Шаҳрвандони муҳтарам!

Санаи 27 августи соли равон бинобар сабаби боридани боронҳои шадид ва баланд гардидани тирагии об дар канали деревиатсионии Варзоб дар шаҳракҳои 82, 101, 102, 112, 83, 84, 103,104 ва маҳаллаҳои Авул, Қазоқон, Зафар, Меҳробод Зарафшони ноҳияи Сино то дарвозаи Ҳисор ва кӯчаҳои Шураксой, Чашмасор, Рӯдакӣ аз 160 то 190, Пролетар, Гулдаст, Плеханов,Охунбобоев, Ҳ. Ҳакимзода, П. Толис, қисмати поён- Рӯдакӣ аз 140 то 158 Телман, Амиршоев, Заҳматобод, Сурхоб, Анзоб -и ноҳияи Сомонӣ, кӯчаҳои Акрамов, Ҳусейнзода , Нисор Муҳаммад,Чехова кӯчаи Айнӣ аз 3 то 171 кӯчаҳои Репина, Адҳамов, Беҳзод, Лоҳутӣ, Х. Мирзо Турсунзода , М. Собирова ва маҳаллаҳои Бадахшон 1, 2, Дӯстии халқҳо то гардиши кӯчаи Айнии ноҳияи Шоҳмансур фишори об паст мешавад.

Ҳолати мазкур ба хотири чораандешӣ ҷиҳати коркарду безараргардонии об андешида мешавад.

Аз ин лиҳоз, аз шаҳрвандон хоҳиш менамоем ба таҳлука наафтанд ва вазъиятро дуруст дарк намоянд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE