Иштирок дар 20-умин нишасти вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо

27 марти дар шаҳри Ашхобод вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар 20-умин нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо иштирок ва суханронӣ намуд.Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Зимни нишаст иштирокчиён масоили мубрами рӯзномаи байниминтақавӣ, инчунин ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Марказиро бо Иттиҳоди Аврупо батафсил баррасӣ карданд. Роҳбарони ҳайатҳо аз ҷумла пешниҳодоти худро дар хусуси густариши баъдии робитаҳои байниминтақавӣ дар самтҳои иқтисоду тиҷорат, энергетика, иттисоли нақлиётӣ, рақамикунонӣ, маорифу фарҳанг, амният ва ҳифзи муҳити зист манзур намуданд. Таваҷҷуҳи хосса ба тадорукот ба нахустин ҳамоиши дарпешистодаи сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо дар Самарқанд зоҳир гардид.

Дар ҳошияи ин чорабинӣ, Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов вазиронро ба ҳузур пазируфт.

акс: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE