Ғолибони Чемпионати Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо байни ҷавонон муайян шуданд

26-27 август дар ноҳияи Рашт Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо байни ҷавонон баргузор гардид. Дар он зиёда аз 200 варзишгар аз тамоми манотиқи мамлакат иштирок намуда, барои ба даст овардани унвони чемпионӣ байни ҳам рақобат намуданд.

Қобили тазаккур аст, ки дар рӯзи якум рақобатҳо байни варзишгарони вазнҳои то 60 кг, то 66 кг, то 73 кг ва рӯзи дуюм байни вазнҳои то 81 кг, то 90 кг, то 100 кг ва +100 кг доир гардиданд. Дар рӯзи якуми мусобиқа медалҳои тилло насиби варзишгарон, чун Умар Шеров дар вазни то 60 кг, Набии Нуралӣ дар вазни то 66 кг ва Муҳсиддин Асадуллоев дар вазни то 73 кг аз шаҳри Душанбе гардиданд.

Ҳамчунин Сунатулло Мусоев дар вазни то 73 кг, Муқтадири Бобоҷон дар вазни то 66 кг, Манучеҳр Фармонбеков дар то 60 кг медалҳои нуқраро соҳиб шуданду Эҳсон Сафарзода дар вазни то 60 кг, Баҳром Чақалов дар вазни то 66 кг, Фазлиддин Садриддинзода дар вазни то 66 кг, Илҳомиддин Ҷабборов дар вазни 73 кг барандаҳои медалҳои биринҷӣ шуданд.

Дар вазни то 81 кг узви дастаи мунтахаби вилояти Суғд Сайфиддин Сайфиддинзода медали тилло ба даст овард. Ӯ дар финал намояндаи дастаи шаҳри Душанбе Сунатулло Лоиқовро мағлуб намуд. Медалҳои биринҷии ин вазн насиби Бахтиёр Ғафуров ва Кароматулло Мирзоев гардиданд. Сомон Кишвар чемпиони ҷумҳурӣ дар вазни то 90 кг шуд. Сомон Кишвар узви дастаи шаҳри Душанбе буда, дар рақобати сахту сангини финалӣ бар Зикриё Одиназода аз дастаи Суғд зафар ёфт. Медалҳои биринҷиро Бузургмеҳр Муҳаммадшокирзода ва Музамир Каримзода ба даст оварданд.

Хотиррасон мешавем, ки ба ғолибони зинаи сеюм 2000 сомонӣ, барандаи медали нуқра 3000 сомонӣ ва ҷойи аввал 5000 сомонӣ мукофотпулӣ таққдим шуданд. Парвиз Абдураҳмонов аз шаҳри Душанбе ғолиби вазни то 100 кг шуд. Ҳабибулло Ашуров дар ин категория барандаи медали нуқра гардид. Муҳсин Малаев аз шаҳри Душанбе ва Шомихурдӣ Бурҳонзода аз вилояти Хатлон мақомҳои сеюмро касб намуданд.

Некрӯз Некбахтзода аз дастаи Суғд чемпиони Тоҷикистон дар вазни ҷамъи 100 кило шуд. Ӯ дар финал бар варзишгари шаҳри Душанбе Аминҷон Раҷабов пирӯз гардид. Усмон Нарзуллоев аз шаҳри Душанбе ва Ҷумъахон Бозиев аз ВМКБ барандагони медалҳои биринҷӣ шуданд.
Аз рӯйи натиҷаи Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо байни ҷавонон беҳтаринҳо ба мусобиқаи Чемпионати ҷаҳон байни ҷавонон, ки 4-8 октябр дар Португалия ба нақша гирифта шудааст, равон мешаванд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE