КФО БА ФФТ БАРОИ ТАШКИЛИ БОМУВАФФАҚИ МАРҲИЛАИ ИНТИХОБИИ ҶОМИ ОСИЁ-2024 (U-23) ИЗҲОРИ СИПОС КАРД

Конфедератсияи футболи Осиё ба Федератсияи футболи Тоҷикистон ва кумитаи тадорукоти маҳаллӣ барои ташкили бомуваффақонаи марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 дар гурӯҳи «I», ки аз 6 то 12 сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, изҳори сипос кард.

Дар номаи расмии дабири кулли Конфедератсияи футболи Осиё Датук Сери Виндзор Ҷон, ки ба унвони дабири кулли Федератсияи футболи Тоҷикистон Фурқатҷон Ахмедҷонов ирсол шудааст, аз ҷумла омадааст:

«Мунтахаби Тоҷикистон (U-23)-ро, ки дар қатори дастаҳои беҳтарин аз зинаи дуюм ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 роҳ ёфт, табрик мегӯям.

Илова бар ин, мо ба Федератсияи футболи Тоҷикистон ва кумитаи тадорукоти маҳаллӣ барои баргузории бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2024 байни дастаҳои то 23-сола дар гурӯҳи «I» изҳори сипос мекунем.

Дар сатҳи баланд ташкил намудани мусобиқа ҳамчун кишвари мизбон, бешубҳа далели меҳнати фидокорона ва ҷидду ҷаҳди шабонарӯзиатон мебошад.

Умедворем, ки ин роҳхат дастаи шуморо ба комёбиҳои бештар дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 мерасонад».

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE