Дар Душанбе «Фестивали Корея 2023» баргузор мешавад
Барои тақвият бахшидани табодули фарҳангии байни давлатҳо ва рушди ҳамкории иқтисодӣ 16-17 сентябр дар шаҳри Душанбе «Фестивали Корея 2023» баргузор менамояд. Дар ин хусус дар Сафорати Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Фестивал аз бахшҳои гуногун иборат буда, дар он 12 ширкати вилояти Кёнсангбуки Корея, ки барои ворид шудан ба бозори Тоҷикистон омодагӣ мегиранд, инчунин ширкатҳои кореягӣ, ки дар Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ аллакай фаъолият доранд, иштирок менамоянд. Ҳамзамон дар он гӯшаи ташвиқоти тиббӣ тавассути табобатҳои одӣ, тибби анъанавӣ ва технологияи тиббии Корея ба намоиш гузошта мешавад.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон