Ҳайати Тоҷикистон дар Чемпионати III байналмилалии сохтмонӣ иштирок кард

Аз 17 то 20 октябр ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Низом Мирзозода дар Чемпионати III байналмилалии сохтмонӣ, ки дар шаҳри Санкт—Петербурги Федератсияи Русия баргузор гардид, иштирок намуд. Дар ин хусус аз Кумитаи меъморӣ ва сохтмони ҷумҳурӣ хабар доданд.

Маросими расмии ифтитоҳи Чемпионати III байналмилалии сохтмонӣ дар маркази ЭкспоФорум-и шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 1500 мутахассиси соҳаи сохтмон аз ширкатҳои Русия ва давлатҳои хориҷӣ иштирок варзиданд.

Мақсади мусобиқа- ин таъмини рушди босуръати соҳаи сохтмон ба манфиати мардум, давлат ва соҳибкорӣ буда, мавзуи асосии он «Технологияҳои замони нав» ҳисобида шуд. Ҳамоиш ҷиҳати таҳкими ҳамкории давлатҳо ва ширкатҳо дар арсаи байналмилалӣ дар соҳаи сохтмони саноатӣ ва шаҳрвандӣ гузаронида шуд.

Мусобиқа бо иштироки роҳбарияти мақомоти иҷроияи федералӣ ва минтақавии Федератсияи Русия, бузургтарин ширкатҳои русӣ ва хориҷӣ баргузор гардида, инчунин намоиши созмонҳои шарик дар қолаби нави мултимедиявӣ доир шуд.

Чемпионат аз рӯи 25 номинатсияи фардӣ ва даставӣ, аз ҷумла сохтмон, лоиҳакашии объектҳо ва идоракунии лоиҳаи сохтмон гузаронида шуд.

Ҳамзамон 19 ва 20 октябр Конгреси 2-юми сохтмонии Авруосиё ва дар чаҳорчӯбаи ин чемпионат конфронси байналхалқӣ оид ба рушди соҳаи сохтмон баргузор гардида, дар он ҳайати Тоҷикистон иштирок намуд.

20 октябр Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Низом Мирзозода, Вазири  сохтмон ва хоҷагии манзилию коммуналии Федератсияи Русия Ирек Файзуллин ва Директори асосии иҷроияи Корпоратсияи давлатии неруи атомӣ «Росатом»-и Федератсияи Русия Алексей Лихачёв доир ба ҳамкорӣ дар соҳаи сохтмон Ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE