Душанбе конфронси байналмилалӣ оид ба самаранокии энергетикӣ дар Тоҷикистонро мизбонӣ менамояд
25-26 октябр дар Душанбе конфронси байналмилалии «Самаранокии энергетикӣ дар Тоҷикистон: дурнамо ва мушкилот» баргузор мешавад. Дар ин хусус аз Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо аз созмондиҳандагони конфронси байналмилалӣ буда, он дар доираи Ҳафтаи дипломатияи «сабз»-и Иттиҳоди Аврупо ва маъракаи Иттиҳоди Аврупо -Тоҷикистон: Рӯзҳои энергияи устувор 2023 баргузор мешавад.
Дар конфронс сиёсатмадорон ва коршиносони соҳаи энергетика, намояндагони доираҳои илмӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок менамоянд.
Тоҷикистон дар марҳилаи таҳияи стратегия ва механизмҳои татбиқи мусоидат ба самаранокии энергия қарор дорад. Аз ин рӯ, вақти он расидааст, ки бо ҷонибҳои асосии манфиатдори миллӣ, донорҳои байналмилалӣ ва дигар шарикон барои муайян намудани қадамҳои минбаъдаи таҳияи сиёсати устувори энергетикӣ дар Тоҷикистон ҳамкорӣ намоем.