Афзоиши сохтмони биноҳои истиқоматӣ дар кишвар нисбат ба соли гузашта

Дар се моҳи аввали соли равон дар Тоҷикистон ба масоҳати умумии 250,4 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ сохта ба истифода дода шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 116,7 фоизро ташкил медиҳад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар  Агентии омори назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Тибқи  иттилои манбаъ, дар моҳҳои январ-марти соли равон аз рӯи ба истифода додани биноҳои истиқоматӣ вилояти Суғд ҷойи аввалро ишғол мекунад, ки масоҳати манзилҳои ба истифода додашуда 86,1 ҳазор метри мураббаъ ё 34,3 фоизро ташкил медиҳад. Дар ҷойи дуюм вилояти Хатлон бо 81,1 ҳазор метри мураббаъ ё 32,4 фоиз қарор дорад.  Дар Душанбе 41,5 ҳазор метри мураббаъ ё 16,6 фоиз ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 41,7 ҳазор метри мураббаъ ё 16,7 фоиз биноҳо сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE