КҲФ-ХАТЛОН: НАҶОТДИҲАНДАГОН АЗ ДАРЁИ НОРАК
3 ҶАСАДРО БАРОВАРДАНД

  Санаи 21.12.2025, тахминан соати 01:30 дақиқа 6-нафар  шаҳрвандони шаҳри Норак, ҷ/д Пули Сангин ва 1- нафар аз ноҳияи Ёвон дар маҷмӯъ 7 нафар, ба воситаи қаиқи дорои муҳаррик мехостанд аз тарафи ҷамоати деҳоти Дуконӣ ба тарафи деҳаи Гирдоби ҷамоати деҳоти Пули Сангин гузаранд, ки ҳангоми гузаштан дар наздикии соҳил қаиқ чаппа гардида, ҳафт нафар ғарқ мешаванд. 
   Чаҳор нафари онҳо зинда аз об берун баромаданд:

Аз ҷумла:

  1. Саидов Бадриддин, соли таваллуд 15.09.1995, сокини шаҳри Норак, ҷамоати деҳоти Пули Сангин, деҳаи Гирдоб;
  2. Назаров Назарбек, соли таваллуд 1995, сокини шаҳри Норак, ҷамоати деҳоти Пули Сангин, деҳаи Гирдоб;
  3. Ҳақбердиев Холмирзо, соли таваллуд 1995, сокини шаҳри Норак, ҷамоати деҳоти Пули Сангин, деҳаи Гирдоб;
  4. Саидов Босит, соли таваллуд 1997, сокини шаҳри Норак, ҷамоати деҳоти Пули Сангин, деҳаи Гирдоб.
    Бо гирифтани маълумот Дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳии Раёсати КҲФ дар в.Хатлон барои гузаронидани корҳои кофтукобии рӯиобӣ ва зериобӣ амал намуда, дар натиҷа ҷасадҳои шаҳрвандони ғарқшударо аз об бароварда ба мақомотҳои дахлдор супориданд.
    Дар иртибот ба ин ҳодиса Кумита аз шаҳрвандоне, ки дар ин дарё ба қаиқронӣ машғул мебошанд, хоҳиш менамояд, ки қоидаҳои бехатарии қаиқрониро риоя карда, қаиқҳои худро бехатар ва муносиб ба фасли зимистон кунанд.
    Ҳамзамон, талаботҳои бехатариро риоя намуда, аз истифодабарии қаиқҳои тобистона худдорӣ намоянд.

полковник Ориф Нозимиён
Шуъбаи кор бо ҷомеаи Кумита

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE