Байни Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Русия созишнома ба имзо расид

2 ноябр маросими баимзорасонии Созишнома байни Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия оид ба ҳамкорӣ ва мусоидат ба Агентии назорати маводи нашъаовар дар соҳаи муқовимат ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии назорати маводи нашъаовар хабар доданд.

Созишномаро аз ҷониби Тоҷикистон директори Агентӣ Ҳабибулло Воҳидзода ва аз ҷониби Русия Вазири корҳои дохилӣ Владимир Колоколтсев ба таври фосилавӣ ба имзо расониданд.

Созишнома бо роҳи татбиқи Барномаи мусоидат ба Агентӣ дар соҳаи муқовимат ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо давоми солҳои 2023-2025 амалӣ мешавад.

Зимни баимзорасонӣ директори Агентӣ оид ба сиёсати зиддимухаддиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастовардҳои мамлакат дар самти назорати маводи нашъаовар маълумот пешниҳод намуд.

Ҷонибҳо вазъи назорати маводи нашъаоварро дар Тоҷикистон ва минтақа муҳокима намуда, аз афзоиши қочоқи маводи нашъаовари афғонӣ ва дигар таҳдиду хатарҳои марбут ба он изҳори нигаронӣ намуданд.

Дар хотима ҷонибҳо барои рушду тақвияти бештари ҳамкории мутақобилан судманд дар самти назорати маводи нашъаовар изҳори омодагӣ намуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE