Рӯзи Рӯдакӣ дар шаҳри Москва пуршукуҳ таҷлил мегардад
9 ноябр дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия бахшида ба 1165-солагии сардафтари адабиёти классики тоҷику форс Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо иштироки доираи васеи рӯдакишиносон, шоирону нависандагон, олимону муҳаққиқон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва тоҷикони муқими Федератсияи Русия ҳамоиши адабию фарҳангӣ баргузор мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Шурои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия.
Ҳамоиш бо ибтикори Шурои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия дар ҳамкорӣ бо Академияи хоҷагии халқ ва идоракунии давлатии назди Президенти Федератсияи Русия баргузор мешавад. Либосҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, манзараҳои зебои мамлакати азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол дар доираи баргузории ин ҳамоиш ба намоиш гузошта мешаванд.
Барномаи адабӣ аз қисмати ифтитоҳӣ ва барномаи рангини эҷодӣ иборат буда, саҳнаҳои театрӣ, рақсҳои мавзуну дилнишин, суруду таронаҳо дар иҷрои сарояндагони маъруф, қироати шеърҳо дар иҷрои ҳамватанони муқимӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ ва ғайра дар барномаи адабӣ ба намоиш гузошта мешаванд.
Инчунин дар бораи ҳаёт ва фаъолияти шоир филми ҳуҷҷатӣ намоиш дода шуда, осори гаронбаҳои устод Рӯдакӣ ба маърази тамошо гузошта мешавад.