Чоршанбе Аловатов.Чӣ гуна як ҷавони тоҷик сарояндаи шинохтаи озмунҳои сатҳи ҷаҳонӣ гардид?
Исми Чоршанбе Аловатов Соибназарович дар чанд соли охир ҳамчун як сарояндаи муваффақ овозхоне,ки садояш касро мафтун мекунад, вирди сомонаҳои маъруф ва шабакаҳои телевизиониву радиоӣ давр мезад.Он ҳам бошад истеъдоди фавқулодаи ӯ ва иштирокаш дар озмунҳои сатҳи байналмилалӣ дар риштаи овозхонӣ мебошад. Имрӯз тасмим гирифтем то бо сарояндаи ҷавону шинохта Чоршанбе Аловатов суҳбате ороста бошем ва фишурдаи онро пешниҳоди шумо мегардонем.
Салом Чоршанбе. Сипос ки суҳбати моро пазируфтед. Ба назари Шумо сароянда кӣ аст. Чун бо ҳамин орзуҳо имрӯз шумо роҳи санъатро интихоб кардед?
Касби сарояндагӣ хеле масъулиятнок аст, мусиқӣ дар дастони сароянда маҳсулет, ки на танхо кайфият, балки фикру ақидаи оммаро низ идора карда метавонад. Сароянда муаллим аст: мардум ӯро мешунаванд, фаъолияташ яъне ҳунараш садояш ба шуур ва орзуҳои одамон таъсир мерасонад. Сароянда на танҳо ба таври касбӣ асарҳои мусиқӣ эҷод мекунад, балки тарзи баёнро низ медонад фикру мулоҳизаҳо ба воситаи оҳанг ва суруд ба одамон лаззати маънавӣ мебахшад, ҳиссиётро ба амал меоварад. Фаромӯш набояд кард, ки сароянда пеш аз ҳама эҷодкор аст. Барои сарояндаи ҳирфаӣ шудан, пеш аз ҳама, дорои истеъдод, қобилиятҳои фитрии мусиқӣ лозим аст. Бе овози хуб сарояндаи муваффақ шудан душвор аст. Аммо ҳар як истеъдод бояд инкишоф ёбад. Танҳо одамони боистеъдод метавонанд мустақилона овозхони касбӣ шаванд. Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки овозхон бо чанд омил: истеъдод, муҳити маънавӣ, таҳсилоти касбӣ ва талошу заҳмати зиёд ба сарояндаи касбӣ табдил меёбад.
Чоршанбе каме дар бораи худатон қисса кунед дар куҷо таваллуд шудаед овони наврасии шумо дар куҷо гузаштааст?
Ман Чоршанбе Аловатов Соибназарович 7 феврали соли 1998 дар ноҳияи Шуғнони ВМКБ ба дунё омадаам. Соли 2005 ба мактаби миёнаи №9-и шаҳри Хоруғ ба номи Алиназар Ақризобеков ба синфи якум рафтам. То соли 2008 таҳсиламро дар ин мактаб идома дода, дар ҳамон солҳо ба мактаби мусиқии ба номи Қурбон Ноёбшоеви шаҳри Хоруғ низ мерафтам. Аз моҳи сентябри соли 2009 таҳсилро дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и шаҳри Хоруғ ба номи Д.Шабдолов идома додам. Баъдан моҳи ноябри соли 2010 ба Душанбе омада, аз соли 2010 то 2014 таҳсилашро дар мактаби раками 72-и ноҳияи Фирдавсии шахри Душанбе идома додам.
Яъне завқи сароянда, овозхон шудан аллакай дар овони наврасӣ қалби шуморо ба ҷушу хурӯш оварда буд?
Бале, азбаски ба мусиқӣ шавқи зиёд доштам бештар дар ин роҳ талош мекардам ва ҳаминхелам шуд, баъди он, ки ба Душанбе омадем дар синфи 9-умам яъне соли 2014 ба Коллеҷи мусиқии ба номи А.Бобоқулов дохил шуда, соли 2018 соҳиби диплом бо ихтисоси сарояндаи анъанавӣ гардидам. Ин маро қонеъ намекард ва ҳамеша талош мекардам ки ҳар зинаҳое, ки набошад онро сарбаландона пушти сар кунам. Ҳамин хел ҳам шуд. Пас аз хатми Коллеҷи мусиқӣ ҳуҷҷатҳоямро ба Донишгоҳи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода супурда, донишҷӯи ин донишгоҳ шудам дар факултети сайёҳӣ ва меҳмонавозӣ. Соли 2021 онро хатм кардам. Аз хурдӣ ба мусиқӣ шавқу ҳаваси калон доштам, зеро дар оилаи сароянда ба дунё омадаам. Барои баъзе таронаҳоям худам оҳанг эҷод карда, пайваста бо устодони санъати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ дошта, нозукиҳои санъатро аз онҳо меомӯзам ва ҳунарамро такмил медиҳам. Ман тамоми тамоми мусиқии ҷаҳонро хеле дӯст медорам ва ҳама вақт гӯш мекунам.
Шумо дар Донишгоҳи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода факултети сайёҳӣ ва меҳмоннавозиро хатм кардед,ин ба ҳунаратон мушкилӣ эҷод намекард?
Дар хотир доштан муҳим аст, ки роҳҳои зиёде барои гирифтани таълими мусиқӣ вуҷуд доранд: аз маҳфилҳои мусиқӣ ва дарсҳои инфиродӣ бо мураббӣ системаи сесатҳ итаълими мусикӣ, аз ҷумла мактабҳои мусиқӣ ва мактабҳои махсус. Ин воситаи боэътимоди ба низом даровардани дониш, такмили ихтисос ва пайваста такмил додани маҳорати касбӣ мебошад. Ҳатто беҳтарин таҳсил ба муваффақият ва маъруфияти овозхон кафолат дода наметавонад. Шӯҳрати сароянда як падидаест, ки шарҳаш душвор аст, аз ягон омили мушаххас вобаста нест. Одам бояд бо истеъдод ба дунё омада, ин касбро самимона дӯст дорад ва ба он комилан таслим шавад, дорои қобилиятҳои махсус бошад. Аз ин ру, метавонам бигӯям, ки ман бо қобилиятҳои фитрии ба дунё омада, дар зери таъсири мусиқии оилавӣ тарбия ёфтаам. Ин аст, ки дар як муддати кӯтоҳ на танҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз он низ муваффақ шудам.
Беҳтарин. Хуб Чоршанбе мехостам дар мавриди дастовардҳотон яъне ҷоизаҳотон каме маълумот медодед. Чун то ҷое маълум аст, ба ҷавониатон нигоҳ накарда ҷоизаҳои зиёдро дар ҷодаи овозхонӣ касбӣ ба даст овардаед?
Ташаккур барои илҳоми маро зиёд кадан. Бале, вақте дилхоҳ нафар дар ягон самт муваффақ мегардад ва ҷоизаҳо ва ё ягон унвони дигарро соҳиб мешавад, ин барои мисол ҷун ман санъаткор ҳастам аз сарояндаи муваффақ ва маъруф будани ӯ шаҳодат медиҳад.
Ман бо Ассотсиатсияи миллии маъюбони Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи маъюбони «Меҳрбахш» пайваста ҳамкорӣ дошта, барои аъзои ин иттиҳодия чорабиниҳои фарҳангӣ мегузаронам. Ва ин маро хеле рӯҳбаланд месозад. Чунки ман барои нафароне, барномаи консертӣ пешниҳод мекунам, ки онҳо аз бо ман будан хеле хушҳол мегарданд.Рости ман ҷоизаҳои зиёд дорам, зеро аз овони мактабӣ дар бисьёр конкурсхои ҷумҳуриявӣ иштирок карда, сазовори ҷойҳои фахрӣ, диплому мукофотҳо гардидам.
Соли 2011 дар озмуни ҷумҳуриявии «Овози тиллоӣ» дар жанри «Фалак» иштирок намуда сазовори ҷои аввал гардидам.
Соли 2014 дар Фестивали истеъдодҳои ҷавони шаҳри Душанбе «Гулҳои пойтахт» иштирок намуда, аз ин озмун сохиби диплом гардидам.
Соли 2016 барои кӯмаку дастгирӣ дар консерти хайрияи “Нота барои хурсандӣ” бо Сипосномаи Ташкилоти ҷамъиятии “Шодмон” сарфароз гардидам.
Дар арафаи 25-солагии Истиқлолияти кишвар соли 2018 дар жанри вокал ҷои аввалро гирифтам.
Соли 2019, дар барномаи Bobs’ Music Awards иштирок карда, соҳиби дипломи финалӣ гардидам.
Ҳамчунин дар ҳамин сол (2019) дар озмуни «Тоҷикистон, Ватани азизам» иштирок намуда, бо диплом қадрдонӣ гардидам.
Соли 2019 дар озмуни “Central Asia Got Talent” ширкат варзида, ғолиби ин озмуни байналмилалӣ дар байни 4 кишвари Осиёи Марказӣ гардидам.
Соли 2020 дар озмуни сеюми ҷоизаи мусиқии Ҳамсадо соҳиби ҷоиза ва диплом гардидам.
Соли 2020 барои ширкат дар барномаи “Ҷаҳонзеб” бо дипломи Муассисаи давлатии “Телевизиони Сафина” сарфароз гардидам.
Соли 2021 бошад, барандаи ҷоизаи Top 50 шудам.
Соли 2021 дар озмуни мусиқии радиои “Ҳамсадо Ҷоизаи мусиқӣ-2021″ ширкат варзида, соҳиби ҷоиза ва диплом гардидам.
Соли 2021, дар озмуни мусиқии Tarona Music Award-2021 бо таронаи “Медони ё не” аз ин озмун диплом ва ҷоиза гирифтам.
Соли 2021 барои меҳнати бисёрсолаи шоиста, саҳми арзанда дар рушди фарҳанг ва пешрафти ҳаракати иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти кишвар бо Ифтихорнома сарфароз гардидам.
Дар соли 2022 Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маро бо дипломи “Муваффақтарин ҷавон” сарфароз гардонид.
Соли 2022 бо таронаи “Меёби маро” барандаи ҷоиза ва дипломи озмуни мусиқии Tarona Music Award-2022 гардидам.
Беҳтарин.Воқеан арзандаи ин гуна ҷоизаҳо ҳастед. Чоршанбе то ҷое маълумот дорем шумо таронаҳоятонро дар баробари забони модарӣ бо забонҳои хориҷӣ низ омода мекунед. Аз ин бармеояд, ки шумо забонҳои хориҷиро балад ҳастед?
Бале ман забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисиро хуб медонам. Аз соли 2017 то 2020 дар Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе курси забони англисиро хатм карда, соҳиби шаҳодатномаи Pre-Intermediate барномаи Conversational English шудам, ки ин имкон медиҳам ман бе ягон мушкилӣ сурудҳои маъруфтарин сарояндагони ҷаҳониро хуб аз бар карда онро бозхонӣ намоям.
Ҳоло дар куҷо фаъолият мекунед ва банди чи корҳо ҳастед. Нақшаҳо дар пеш чӣ аст?
Аз соли 2018 дар Оркестри давлатии симфонии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси сароянда кор мекунам. Дар чорабиниҳои фарҳангии давлатӣ фаъолона иштирок намуда истодаам. Аз ҷумла дар рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон, Туркманистон, Белорус ва Русия ширкат намуда, фарҳанги миллии Тоҷикистонро муаррифӣ кардам ва боз дар пеш моро дигар чорабиниҳои фарҳангии сатҳи давлатӣ интизор аст, ки ба он низ хушбахтона хуб омодагӣ дида истодаам.
Ҳоло ба эҷоди сурудҳои нав машғул ҳастам. Ҳамзамон, бо ширкатҳои Babilon Mobile ҳамкорӣ мекунам ва дар асоси шартнома ин ширкатро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пешбарӣ мекунам. Инчунин бо ширкатҳои ТТ-Мобайл ва Мегафон тибқи шартнома ҳамкорӣ дорам.
Мехоҳам ба кишварҳои хориҷ сафар кунам, дар бораи мусиқии ҷаҳонӣ бештар маълумот гирам ва омезиши мусиқии ҷаҳони худро кашф кунам.Яъне ин таҷрибаи бисёр хуб хоҳад буд барои такмил додани ҳунарам. Чунки мусиқӣ марзу бум надорад ва мехоҳам мусиқии ҷаҳонро беҳтар омӯзам ва барои ҳаводони худ оҳангҳои ҷолибтарро кашф карда пешниҳод намоям.
Чоршанбе ташаккур барои як суҳбати хубу хушу хотирмон. Дар ҷодаи сарояндагӣ, ки аллакай шумо пайроҳаҳои зиёди онро тай кардед,бозҳам қуллаҳои баландтарро орзумандем.
Саломат бошед. Ба шумо низ барои даъват сипос.