Пешвои миллат бо Ма Синжуй мулоқот намуданд

2 ноябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон узви бюрои сиёсии Кумитаи Марказии Ҳизби коммунистии Чин, котиби якуми кумитаи ҳизбии Ноҳияи Мухтори Синзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин Ма Синжуйро ба ҳузур пазируфтанд.

Зимни музокирот доираи васеи масъалаҳои  муносибатҳои дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар чорчӯби шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Сарвари давлати мо тамоюли мусбати рушди ҳамкориро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, саноат, нақлиёт, энергетика ва кишоварзӣ, ҷалби технологияҳои муосир, ҳамчунин дар соҳаҳои гуманитарӣ, бахусус маориф ва сайёҳӣ иброз намуданд.

Ҳамзамон имконияти мусоиди рушди ҳамкории ҷонибҳо дар бахшҳои ояндадори иқтисоди рақамӣ ва “сабз”, бахусус электроэнергетика ва зерсохтори он, таҷдиду сохтмони роҳҳо мавриди таъкид қарор гирифт.

Дар зимн ҷонибҳо ба аҳаммияти бозсозии гузаргоҳи “Кулма-Каросу” барои ташаккули шароити мусоиди ҳамлу нақли молу маҳсулот байни ду давлат ишора намуданд.

Пешвои миллат алоқамандии ҷониби Тоҷикистонро ба  рушду тавсеаи ҳамкорӣ бо ширкатҳои давлатӣ ва доираҳои соҳибкории Ноҳияи Мухтори Синзян-Уйғур дар ин самтҳо иброз доштанд.

Зимнан ҷонибҳо баргузории ҷаласаи навбатии Зеркомиссияи “Тоҷикистон ва Ноҳияи Мухтори Синзян-Уйғур” ва Форуми соҳибкорони ду ҷонибро дар шаҳри Душанбе ба манфиати кор донистанд.

Дар ҷараёни суҳбат ҳамзамон масъалаҳои вобаста ба робитаҳои байниҳизбӣ ҳамчун василаи муҳимми мусоидат ба таҳкими муносибатҳои байнидавлатӣ баррасӣ шуданд.

Ду ҷониб оид ба дигар масъалаҳои мубрами мавриди таваҷҷуҳ табодули афкор анҷом доданд.

02.11.2023

President.tj | Facebook | Instagram| Telegram

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE