10 ҷудокори ҷавони тоҷик дар мусобиқа барои дарёфти “Ҷоми Рагуф Оруҷев” дар Боку ширкат меварзанд

Рӯзҳои 16-17-уми ноябр дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо барои дарёфти «Ҷоми Рагуф Оруҷев»   миёни ҷавонони то 21-сола баргузор мешавад, ки дар он дастпарварони Клуби ҷудои “Ҳоҷӣ Шариф” ширкат мекунанд.

Ҳайати дастаи Клуби ҷудои «Ҳоҷӣ Шариф» дар мусобиқаи «Ҷоми Рагуф Оруҷов» чунин аст:

▫️Бинёмин Назиров (-66 кг)

▫️Магомед Фармонбеков (-66 кг)

▫️ Илҳомиддин Ҷабборов (-73кг)

▫️Абдулло Лоиқов (-73кг)

▫️ Муссо Саъдуллоев (-73 кг)

▫️ Эмомалӣ Қурбонов (-81кг)

▫️ Мустафо Раҳматуллоев (-81кг)

▫️ Абдулаҳад Маҷидов (-81кг)

▫️Амрулло Давлатов (-90 кг)

▫️ Сомонӣ Кишваров (-90кг)

Ёдовар мешавем, ки ҷудокорони тоҷикро дар ин мусобиқа мураббӣ Мустақим Ҳотамов роҳнамоӣ мекунад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE