Ду зоири тоҷик дар Маккаи Арабистони Саудӣ вафот карданд

Ду шаҳрванди Тоҷикистон дар айёми будубоши зоирон дар Мино бинобар сабаби сактаи дил аз олам даргузаштанд. Маросими ҷанозаи ҳарду марҳум дар «Масҷид-ул-ҳаром» баргузор гардид. Ин хабарро ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Афшини Муқим таъйид кард.

Номбурда аз қавли сардухтури мавсими ҳаҷ-2022 Турахон Шарифзода иттилоъ дод, ки зоирони фавтида сокини 62-солаи шаҳри Исфара Муҳаммад Расулов ва сокини 64-солаи ноҳияи Қубодиён Қизларгул Тоҷиева мебошанд.

Бино ба гуфтаи Турахон Шарифзода, миёни зоирони тоҷик ягон ҳолати гирифторӣ ба бемории сироятии COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст.

Дар робита ба вазъи зоирини тоҷик ӯ тазаккур дод, ки бинобар гармии аз ҳад баланд, онҳо оби хунук зиёд истеъмол мекунанд ва гирифтори бемориҳои дарди гулӯ, зуком, дарди мушак ва фишорбаландӣ мегарданд.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дод, субҳи 20 июн, пас аз ду соли маҳдудиятҳои марбут ба коронавирус, нахустин гурӯҳи зоирони тоҷик барои адои маносики ҳаҷ ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ сафарбар гардид.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE