Сохтмони 5 мактаби нави русӣ дар кишвар оғоз мегардад
Моҳи апрел дар Тоҷикистон сохтмони панҷ мактаби нави русӣ оғоз хоҳад шуд. Дар ин бора раиси Раёсати Бонки Авруосиёии Рушд Николай Подгузов пас аз мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 5-уми март дар Душанбе доир гардида буд, ба рӯзноманигорон маълумот додааст. Ба таъкиди ӯ аз рӯйи нақша, ин мактабҳо бояд то моҳи сентябри соли 2022 ба истифода дода шаванд. Таъкид шудааст, ки Созишнома дар бораи бунёди мактабҳо аз ҷониби Россия дар Тоҷикистон пас аз музокироти президентҳои ду кишвар — муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин дар Москва ба имзо расида буд. Ба гуфтаи Николай Подгузов, Президенти Тоҷикистон омӯзиши забони русиро дар кишвар дастгирӣ менамояд. «Аз ин рӯ барои мо муҳим аст, ки ин лоиҳаро дар вақташ ба итмом расонем», – илова кардааст ӯ.
Зоириён Бахтиёр
САДОИ ДУШАНБЕ