Паҳлавонони наврасу ҷавони тоҷик дар Чемпионати Осиё 8 медал ба даст оварданд

Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо байни наврасону ҷавонон 8 медал ба даст оварданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар доданд.

Чемпионат аз 16 то 19 ноябр дар шаҳри Тошканди Узбекистон доир гардида, дар он 357 варзишгар — 182 нафар байни наврасон, 175 нафар байни ҷавонон аз 16 давлат иштирок намуданд. Ҷумҳурии моро байни наврасон 11 нафар, аз ҷумла 1 духтар ва байни ҷавонон 12 нафар, аз ҷумла 3 духтар намояндагӣ намуда, ба гирифтани 3 медали тилло, 2 нуқра ва 3 биринҷӣ мушарраф шуданд.

Медалҳои тиллоро байни наврасон Лоиқ Қутбиддинов (-55кг), Ёсин Бобокалонов (-66кг) ва Муҳиддин Асадуллоев (-73кг) ба даст оварданд.

Байни ҷавонон Аҳлия Муъминова (-52кг), Абубакр Шеров (-73кг) медали нуқра, Суннатулло Мусоев (-73кг), Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода (-81кг) ва Умедҷон Раҷабов (-90кг) медали биринҷӣ гирифтанд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE