Ба хотири гиромидошти поягузори шабакаи “Садои Душанбе” Сайф Раҳимзоди Афардӣ
Сайф Раҳимзоди Афардӣ 20 ноябри соли 1953 дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Агар умр вафо мекард имрӯз ин абармарди олами адабиёти муосир 70-солагии худро ҷашн мегирифт. Ӯ пас аз хатми мактаби миёна чанд муддат дар ноҳияи Мирсайид Алии Ҳамадонӣ чун рассоми кинотеатр, ба ҳайси ҳунарпешаи Театри давлатии мусиқӣ – мазҳакавии шаҳри Кӯлоб ва баъдтар коргари комбинати шоҳибофии шаҳри Душанбе кор кардааст.
Номбурда соли 1975 шуъбаи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм намуда, дар телевизиони тоҷик фаъолият намудааст. Баъдан раиси Кумитаи киносозони ҷумҳурӣ таъйин мешавад. Як давра бо мутахассисони шўравӣ дар Афғонистон низ фаъолият намудааст. Соли 1983 сармуҳаррири идораи мусиқии радио таъйин мешавад. Сайф Раҳимзод соли 1995 ба Ҷоизаи адабии ба номи Айнӣ ва соли 2002 ба Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ сазовор гардидааст.
Аз соли 1997 то охири умр дар вазифаи раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. Радиои «Садои Душанбе», 18 январи соли 1999 маҳз бо ибтикори Сайф Раҳимзоди Афардӣ дар заминаи шуъбаи шаҳрии Радиои Тоҷикистон таъсис дода шуда буд, ки имсол аз таъсиси он 24-сол пур шуд.
Мавсуф фарди хештаншиносу ватандӯст буд. Бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Сайф низ ба сафи созандагони Ватан ворид гардид. Истиқлолияти кишварашро бо баҳои ҷон пазируфт ва то охири умр барои пойдории он содиқ монд. Ӯ пайваста аз иттиҳоду ҳамдилии миллат сухан мегуфт.
Аз Сайф Раҳимзод осори барҷаста боқӣ мондааст.
Аввалин ҳикояи нависанда бо номи «Гунҷишки сафед» соли 1975 ба табъ мерасад. Нахустин маҷмӯаи адиб «Ситораҳои сари танўр» (1984) ном дошта, он қиссаи «Ситораҳои сари танўр», ҳикояҳои «Гунҷишки сафед», «Падруду пайғом», очеркҳои «Як ниҳоле, чанд дарахте» ва «Момаи Олия»-ро фароҳам овардааст. Китобҳои минбаъдаи Сайф бо номҳои «Аз ёдҳо, аз ёдҳо» (1988), «Дурӯғи сафед» (1998), «Васвасаҳои Зикривайҳ» (1999) «Падруду пайғом» (2000), «Доғҳои офтоб» (2003) дастраси ҳаводорони эҷодиёташ гардидаанд.
Сайф Раҳимзод аз рӯйи қиссаи «Ситораҳои сари танӯр» бо ҳамин ном филми ҳунарӣ бардоштааст. Ҳамчунин силсилафилмҳои мустанади нависанда бо номҳои «Ҳарф бизан, поизам», «Пете», «Чорсе» ва «Зеру рӯйи бомҳо» дилнишину зебо ва табиӣ офарида шудаанд. Осори Сайф Раҳимзод ба русӣ, украинӣ, ӯзбекӣ ва дигар забонҳо тарҷума ва нашр шудаанд.
Қисмати «Рӯйи ману зулфи шамол» хотироти нависандаро аз воқеаҳои Афғонистон дарбар мегирад. Маҷмӯаи «Дурӯғи сафед» аз ҳикояҳои бисёре, чун «Дурӯғи сафед», «Руф», «Аз розҳо, аз розҳо», «Васвасаҳои Зикривайҳ» иборат аст ва дар он орзую умеди нависанда ба воситаи образҳои ҷолиб хеле некбинона ва зиндадилона баён гардидааст.
Ҳамин тариқ, Сайф Раҳимзоди Афардӣ барои ба вуҷуд овардани асарҳои асили адабиёт кӯшиш намуда, ба пояи баланди эҷодӣ расидааст.
Ӯ то абад дар қалби ҳамватанони хеш боқӣ хоҳад монд.