9 муштзани навраси тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс иштирок менамоянд

Аз 24 ноябр то 4 декабр дар шаҳри Еревани Арманистон Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс байни  наврасон баргузор мешавад. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 9 варзишгар муаррифӣ менамоянд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи бокси Тоҷикистон хабар доданд.

Дар чемпионат иштироки 448 варзишгари наврас аз 58 давлат дар назар буда, онҳо дар 26 вазн байни писарону духтарон сабқат менамоянд.

Дар ин мусобиқа Тоҷикистонро 9 варзишгар: Ҷаҳонгир Камолов (46кг), Мансурхуҷа Муминов (48кг), Билолҷон Иксанов (50кг), Абубакр Қобилов (52кг), Шодмеҳр Давлатов (54кг), Абдулло Каримзода (57кг), Муҳаммадсултон Султонов (60кг), Абубакр Ғафуров (66кг) ва Фариноз Абдуллоева (52кг) муаррифӣ менамоянд.

Қуръакашии расмӣ 23 ноябр дар баробари маросими ифтитоҳ баргузор мешавад. Мусобиқаҳо то даври чорякниҳоӣ аз 24 то 30 ноябр, муҳорибаҳои нимниҳоӣ 2 декабр ва финал 3-4 декабр доир мегарданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE